Сафири Эрон дар Кобул: Чобаҳор, улгуи муваффақи ҳамкории минтақаӣ аст
Сафири Эрон дар Кобул гуфт: Бандар ва минтақаи озоди Чобаҳор,ҷануби шарқи Эрон, метавонад масири муносибе барои ояндаи Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он дар ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минтақаӣ бошад.
Муҳаммадризо Баҳромӣ, сафири Эрон дар Кобул дар ойини интиқоли нахустин маҳмулаи содиротии Афғонистон ба Ҳинд аз масири бандари Чобаҳори Эрон афзуд: Тавфиқи имрӯз бо ҳиммати сарони кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Ҳинд муҳаққақ шуд.
Вай дар ин ойин, ки дар устони Нимрӯзи Афғонистон баргузор шуд, гуфт: Соли гузашта дар чунин рӯзҳое аввалин маҳмулаи ирсолии гандум аз Ҳинд ба мақсади Афғонистон ба Чобаҳор расид ва имрӯз бори дигар чархаи доду ситади ҷаҳонӣ аз масири Чобаҳор идома меёбад.
Сафири Эрон дар дар Афғонистон тасреҳ кард: Тарҳи Чобаҳор маҳсули иродаи олии мақомоти аршади се кишваре аст, ки ҳиммат карданд, то намунае аз улгуи мушорикати минтақаиро ироа кунанд.