Феврал 24, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Имрӯза ғарб тасмимгири аслӣ нест

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Нахуствазири режими саҳюнистӣ ва тундравҳои Амрико нигарони аз байн рафтани иҷмои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон буданд, вале акнун ғарб тасмимгири аслӣ нест.  

Муҳаммадҷаводи Зариф дар Ҳамоиши “Чандҷонибагароӣ дар сиёсати хориҷии Эрон, зарфиятҳо ва роҳбурдҳо” дар Теҳрон, бо ишора ба сиёсати якҷонибагароии Амрико афзуд: Вақте Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ин кишвар ҳафт триллион доллар дар минтақа ҳазина карда ва чизе ба даст наёварда, ин худ тайиде бар ин мавзуъ аст, ки дар дунёи кунунӣ султаталабӣ номумкин аст.

Зариф бо баёни инки Амрико ончиро дар БАРҶОМ аз даст дод, як шикасти роҳбурдӣ буд, хотирнишон кард: Нигаронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва тундравҳои Амрико ин буд, ки ин фазои иҷмои ҷаҳонӣ нобуд шуда буд, чаҳор бор дар Шӯрои амният талош карданд, ки инро бозсозӣ кунанд, шикаст хурданд, ба Полша рафтанд ва онҷо ҳам шикаст хурданд.

 

Барчасп