Давандагони маълули Эрон - барандаи медалҳои тило ва нуқраи Ҷоизаи бузурги Аморот
Миллипӯшони маълули эронӣ дар ёздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Ҷоизаи бузурги давмайдонии Аморот як медали тило ва як медали нуқра касб карданд.
Ба гузориши ИРНА, дар нахустин рӯз аз ёздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Ҷоизаи бузурги давмайдонии маълулон дар Аморот Меҳрони Накӯимаҷид, варзишкори эронӣ дар партоби вазна бар сакуи нахуст истод ва намояндагони Ироқу Чехия низ дар ҷойгоҳҳои дувуму савум қарор гирифтанд. Ҳамчунин дар партоби диск Фоизаи Дебоӣ, дигар намояндаи Эрон ноиби қаҳрамон шуд ва медали нуқраи ин мусобиқотро бар гардан овехт.
Ёздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Ҷоизаи бузурги давмайдонии Аморот бо ҳузури 36 кишвар аз рӯзи якшанбе дар Дубай оғоз шудааст ва то рӯзи чаҳоршанбе идома дорад.
Тими миллии давмайдонии ҷонбозон ва маълулини Эрон муташаккил аз 8 варзишкори марду 2 хонум дар ин мусобиқот ҳузур дорад.