Феврал 25, 2019 18:15 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили Донишгоҳи Оксфорд аз Шаҳроми Нозирӣ+видео

Дар остонаи оғози расмии тарҳи “Забони ишқ” ва баргузории консерти муштараки Шаҳроми Нозирӣ ва Давлатманд Холов дар Лондон, Донишгоҳи Оксфорди Англия бо эҳдои нишони “Забони ишқ” аз Шаҳроми Нозирӣ, ҳунарманди барҷастаи эронӣ дар риштаи овоз таҷлил кард.  

Ба нақл аз Форс, дар ин маросим, ки Шаҳроми Нозирӣ бо ҳамроҳии гурӯҳи Моно барои иҷрои таснифҳо ва овозҳои эронӣ ба рӯи саҳна рафт, Эдмонд Ҳерзиг, аз мудирони донишкадаи шарқшиносӣ ва мудири тими забони ишқи Оксфорд Оксфорд аз ҳузури ин хонандаи номдори эронӣ дар ин маросим таҷлил кард.  

Дар ин ойин, ба поси беш аз чиҳил сол фаъолияти ҳунарии Шаҳроми Нозирӣ дар заминаи шеър ва мусиқии эронӣ, нишони “Забони ишқ” аз сӯи Донишгоҳи Оксфорд ба вай эҳдо шуд.

Доминик Брокшо, аз устодони забони форсии Донишгоҳи Оксфорд низ дар ин маросим дар бораи зарфиятҳои шеър, адабиёт ва машоҳири форсӣ суханонеро ироа кард.

Ин маросим дар салони Ҳалеол дар донишкадаи мусиқии Донишгоҳи Оксфорд баргузор шуд, ки бо қидмате беш аз 270 сол аввалин салони сохташуда барои иҷрои консерт дар Аврупост. Иҷрои Шаҳроми Нозирӣ ва гурӯҳи Моно дар ин салон бидуни истифода аз системи садобардорӣ ва бо садои табиӣ аз нукоти қобили таваҷҷуҳи ин барнома буд, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.