Феврал 25, 2019 18:47 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Покистон барои ҳасоркашии марзи Эрон

Нахуствазири Покистон пешниҳод кард, барои коҳиши ҳаводиси террористӣ ва таъмини амнияти марзи муштараки Эрон ва Покистон мавзуи ҳасоркашии ин марзи 950 километрӣ баррасӣ шавад.

Имрон Хон, нахуствазири Покистон пешниҳод кард, барои коҳиши ҳаводиси террористӣ ва таъмини амнияти марзи муштарак мавзуи ҳасоркашии марз баррасӣ шавад.

Ин мавзуъ пас аз он матраҳ мешавад, ки сездаҳуми феврал гурӯҳи террористии Ҷайшуладл, ки дар хоки Покистон ҳузур дорад, дар ҷоддаи Хош-Зоҳидон дар ҷануби шарқи Эрон иқдом ба амалиёти интиҳорӣ кард, ки дар ин ҳодиса 27 нафар аз марзбонони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шаҳид ва 12 нафар низ захмӣ шуданд.

Пеш аз ин низ террористҳои фаъол дар хоки Покистон дар ҷануби шарқи Эрон амалиёти террористии мушобеҳеро анҷом дода буданд.

Дар паи ин ҳодиса, Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон бо эъзоми як ҳайъати олирутба ба Эрон итминон дод, ҳамлаи террористии Зоҳидон пайгирӣ хоҳад шуд.