Феврал 25, 2019 20:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз 120 қалам доруи эронӣ дар шароити таҳрим

Раиси Созмони ғизо ва доруи Эрон гуфт: Дар як соли гузашта 120 қалам доруи эронӣ дар шароити таҳрим дар Эрон тавлид шудааст.  

Маҳдии Пирсолеҳӣ, раиси ғизо ва доруи Эрон дар нишасти хабарӣ бо ишора ба вазъи бозори доруии Эрон афзуд: 97 дарсади бозори доруии Эрон тавлиди дохил ҳастанд, ки дар шароити таҳрим ифтихоре барои ин кишвар аст.  

Муҳаммадризо Кампонӣ, дабири Иттиҳодияи содиркунандагони таҷҳизоти пизишкии Эрон низ чанде пеш эълом кард: Маҳсулоти пизишкии Эрон ба 50 кишвар содир мешавад.

Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз кишварҳои пешрав дар заминаи пизишкӣ ва тавлиди дору аст.  

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 майи 2018 ба таври якҷониба хуруҷи кишваршро аз БАРҶОМ эълом кард ва дар ду марҳала таҳримҳои ҳастаиро зидди Эрон бозгардонд.

 

Барчасп