Ирсоли нахустин маҳмулаи содиротии Афғонистон ба Ҳинд аз бандари Чобаҳори Эрон
(last modified Tue, 26 Feb 2019 10:03:51 GMT )
Феврал 26, 2019 15:03 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли нахустин маҳмулаи содиротии Афғонистон ба Ҳинд аз бандари Чобаҳори Эрон

Нахустин маҳмулаи содиротии Афғонистон ба Ҳинд асри душанбе бо ҳузури вазири роҳу  шаҳрсозии Эрон аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон, боргирӣ ва ирсол шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин маҳмулаи содиротии кишвари Афғонистон шомили 23 контейнер бо вазни 750 тонн ҳубубот(донагӣ) ва сангҳои қиматбаҳо ба мақсади Ҳинд буд.

Беҳрӯзи Оқоӣ, мудири кулли банодири устони Сиистон ва Балучистон изҳор дошт, бандари Чобаҳор бо зарфияти солона 8.5 миллион тонн тахлия ва боргирии коло, наздиктарин масир барои кишвари Афғонистон ва Осиёи Миёна барои транзити колост ва созмони банодир аз ҳар гуна сармоягузорӣ дар ин замина истиқбол мекунад.

Имоммуҳаммад Варимоҷ, муовини вазири ҳамлу нақли Афғонистон пас аз ирсоли нахустин маҳмулаи содиротии Афғонистон ба Ҳинд аз тариқи бандари Чобаҳор дар ҷанубушарқи Эрон, гуфт, баҳрагирӣ аз имконоти ин бандар барои содироти коло аз барномаҳои муҳимми давлати Кобул аст.

Муовини вазири ҳамлу нақли Афғонистон гуфт, имрӯз барои нахустин бор шоҳиди содирот аз тариқи бандари Чобаҳор ба кишвари Ҳинд ҳастем. Вай идома дод, ин маҳмулаи содиротӣ ба вазни 750 тонн шомили ҳубубот ва сангҳои қимате аст, ки аз Афғонистон ба Ҳинд содир шудааст.