Феврал 26, 2019 17:22 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Миллати Эрон қавитар аз 40 соли қабл аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Миллати Эрон қавитар аз 40 сол қабл ва душманони он заифтар шудаанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҷамъӣ аз маддоҳони аҳли байт алайҳиссалом аз саросари Эрон, бо табрики солрӯзи милоди ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳ алайҳо афзуданд: Дар чиҳил соли гузашта, душманон бо ҳама тавон ва имконот дар баробари инқилоби исломӣ сафороӣ ва зарботеро ҳам ворид карданд, аммо миллати Эрон бо таваккул бар Худо ва анҷоми вазифа тавонист бар ин тавтеаҳо фоиқ биёяд ва акнун қавитар аз ҳар даврае шуда, вале ҷибҳаи душман заифтар аз давраҳои гузашта аст.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд: Имрӯз сафбандии ҷибҳаи ҳақ ва ботил ҳамон сафбандиҳои даврони паёмбарони бузурги илоҳӣ ва даврони аиммаи атҳор алайҳиссалом аст ва ҳамонгуна, ки дар он замон ҷибҳаи ботил ба рағми касрати нерӯ ва таҷҳизот ва таблиғот нобуд шуд, имрӯз ҳам ҳамон сарнавишт дар интизори ҷибҳаи муқобили инқилоби исломӣ аст ва набояд аз душман тарсиду дучори иштибоҳ дар муҳосиба шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба аҳаммият ва ҷойгоҳи мавзуи хонавода, хотирнишон карданд: Низоми хонавода, суннати илоҳӣ аст, аммо душманони башарият, ки ҳамон ҷарёни сармоядории байналмилалӣ ва саҳюнистӣ аст, тасмим ба нобудии бунёни хонавода дар ҷаҳон гирифтаанд, бинобарин бояд барои ҳифз ва тақвияти аркони низоми хонавода дар ҷомеа, ҳиммат гумошта шавад.