Феврал 27, 2019 17:32 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон ва Арманистон иродаи кофӣ барои тавсеаи равобити ҳамаҷониба доранд

Раисҷумҳури исломии Эрон, равобити Теҳрон ва Ереванро рӯ ба тавсеа хонд ва таъкид кард: Ду давлат барои тавсеаи равобити ҳамаҷониба, ирода ва ангезаи кофӣ доранд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар поёни Нишасти ҳайъатҳои олирутбаи Эрон ва Арманистон ва имзои асноди ҳамкорӣ дар Теҳрон, бо қадрдонӣ аз мавозеи Ереван дар қиболи таҳрими зиддиэронии Амрико гуфт: Равобити бисёр хубе байни ду кишвар дар масоили сиёсӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ, илмӣ ва донишгоҳӣ вуҷуд дорад ва Теҳрон аз тавсеаи равобит дар ин заминаҳо истиқбол мекунад.

Рӯҳонӣ бо баёни инки Эрон ва Арманистон дар заминаи иқтисодӣ зарфиятҳои бисёр зиёде барои ҳамкорӣ доранд, афзуд: Муҳимтарин мавзуъ дар ҳамкории иқтисодии ду кишвар дар заминаи газ ва барқ аст.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон низ дар поёни Нишасти ҳайъатҳои олирутбаи Эрон ва Арманистон ва имзои аснод ҳамкорӣ, бо ишора ба инки чашмандози навине барои ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилоти коло ва рафту омади мардум ва фаъолияти корофаринони ду кишвар вуҷуд дорад, изҳор кард: Бояд ҷомеа корофаринонро барои истифода аз ин имконот тарғиб кард.

 

Барчасп