Нахуствазири Арманистон: Равобити Эрон ва Арманистон бештар тавсеа меёбад
(last modified Thu, 28 Feb 2019 12:48:51 GMT )
Феврал 28, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Арманистон: Равобити Эрон ва Арманистон бештар тавсеа меёбад

Нахуствазири Арманистон, ки ба Эрон сафар кардааст, гуфт, бар асоси тавофуқи ҷадид миёни Эрон ва Арманистон, ҳамкорӣ ва равобити ду кишвар дар ҳамаи замнияҳо тавсеа хоҳад ёфт.

Ба гузориши ИРНА, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон рӯзи панҷшанбе дар боздид аз майдони Нақши ҷаҳони Исфаҳон афзуд, Теҳрон ва Ереван дар садад ҳастанд, ки тамоми мавонеи пеши рӯйи равобити ду кишварро бар тараф кунанд

Нахуствазири Арманистон ҳадафи аслии аз сафар ба устони Исфаҳонро дидор бо ҷомеаи аромнаи ин устон унвон кард.

Дидору гуфтугӯ бо устондор, боздид аз осори таърихӣ ва гардишгарии Исфаҳон, боздид аз калисои Вонк ва дидору гуфтугӯ бо усқуфи аъзами ҷомеаи аромнаи Исфаҳон аз дигар барномаҳои нахуствазири Арманистон дар Исфаҳон аст.

Нахуствазири Арманистон барои дидору гуфтугӯ бо мақомҳои Эрон рӯзи (чаҳоршанбе)вориди Теҳрон шуд.

Мақомоти ду кишвар рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нахуствазири Арманистон, ду санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.