Март 01, 2019 16:57 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҷадиди падофанди ҳавоии Эрон

Сомонаи радарӣ ва кумакновбарии "Муъини 40" ва сомонаи радарии "Носири 40" бо ҳузури Алиризо Сабоҳии Фард фармондеҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиёи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯнамоӣ шуд.

Радари "Муъини 40" қобилияти кашфи аҳдофи хурди паранда ва мушакҳои “Круз”-ро дар муҳитҳои шаҳрӣ ва атрофи онҳо дорад.

Ҳеҷ як аз ҳавопаймоҳо ва низ сомонаҳои ҷамъоварии иттилооти душман, қодир ба кашфи ин радар нестанд.

Сомонаи радарии кумакновбарии "Носири 40" низ қобилияти болое дар таъйини мавқеияти ҷуғрофиёии аҳдоф, имкони иртифоъсанҷӣ ва зовиясанҷии дақиқ ва табодули ҳадаф ва табодули иттилоот бо соири радарҳоро дорост ва метавонад ҳамзамон мавриди баҳрабардории низомӣ ва тиҷорӣ қарор гирад.

Бурди сомонаи радарии «Носири 40» беш аз 400 километр аст.

Фанноварии сохти сомонаи радарии кумакновбарии «Носири 40» фақат дар ихтиёри 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон аст.