Март 01, 2019 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 2 шатранҷбози эронӣ дар ҷамъи шатранҷбозони бартари дунё  

Бар асоси ҷадидтарин радабандии Федератсияи ҷаҳонии шатранҷ, 2 шатранҷбози эронӣ барои нахустин бор дар ҷамъи 100 нафари бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.

Ба гузориш ИРНА, бар асоси ҷадидтарин радабандии Федератсияи ҷаҳонии шатранҷ Парҳоми Мақсудлу дар бахши стандарти шатранҷбозони марди бартари ҷаҳон, бо 8 пила сууд дар радаи 67 қарор гирифт. Мақсудлу моҳи гузашта дар радаи 75-и ҷаҳон қарор дошт.

Алиризо Фирӯзҷо навҷавони шатранҷи Эрон ҳам дар радаи 95-и ҷаҳон қарор гирифтааст.

Дар бахши занон низ Соро Содот Ходимушшариъа дар радаи понздаҳуми бартарин шатранҷбозони зани ҷаҳон ҷой дорад.

Бар асоси ин гузориш, шатранҷи Эрон дар радаи бистучаҳоруми ҷаҳон қарор гирифтааст.

 

Барчасп