Боздиди беш аз ду миллион ироқӣ аз Эрон, дар соли ҷории шамсӣ
Март 01, 2019 15:51 Asia/Dushanbe
Масъули равобити умумии Ройзании фарҳангии сафорати Ироқ дар Теҳрон гуфт: Имсол (1397 шамсӣ) ҳудуди дувуним миллион ироқӣ аз Эрон дидан карданд.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, Муҳаммадбоқир Ҳаким масъули равобити умумии Ройзании фарҳангии сафорати Ироқ дар Теҳрон дар Конфронси тавсиаи ҳамкориҳои нухбагони эронӣ ва ироқӣ бо ишора ба афзоиши зарфиятҳои илмии ду кишвар афзуд, бояд масъулон, раисони донишгоҳҳо ва тоҷирони ироқӣ бо зарфиятҳои Эрон ошно шаванд.
Дирӯз панҷшанбе Конфронси тавсиаи ҳамкориҳои нухбагони эронӣ ва ироқӣ дар Донишгоҳи санъатии шарифи Теҳрон бо ҳадафи афзоиши пажӯҳиш, эҷоди иштиғол ва байналмилалисозӣ баргузор шуд.
Ироқ яке аз шарикони муҳими иқтисодии Эрон аст.
Барчасп