Март 02, 2019 10:30 Asia/Dushanbe
  • Дархости Сафорати Покистон аз Эрон барои ҳалли таниши марзӣ бо Ҳинд

Сафорати Покистон дар Теҳрон ифои нақши фаъоли Эрон барои ёфтани роҳҳалли сулҳомез дар таниши марзӣ бо Ҳиндро хостор шуд.

Сафорати Покистон дар Теҳрон бо судури баёнияе эълом кард, Покистон ҳамвора бар нигарониҳои худ дар бораи барномаҳои давлати Ҳинд барои истифода аз падидаи шуми терроризм дар ростои аҳдофи сиёсӣ ва интихоботи худ пеш аз интихоботи умумии пешорӯ таъкид доштааст.

Дар ин баёния омадааст: Мутаассифона, давлати Ҳинд бидуни он ки таҳқиқоте анҷом диҳад ва ё шавоҳиди мувассақе дошта бошад, ангушти иттиҳоми ҳимоят аз терроризмро фавран ба сӯйи Покистон нишона мегирад.

Ҳамлаи 14 –уми феврали гурӯҳи террористии мавсум ба Ҷайши Муҳаммад ба нерӯҳои ҳиндӣ дар Кашмир ва кушта шудани дастикам 44 нафар аз онҳо, ба танише дунболадор миёни ду кишвари Ҳинд ва Покистон табдил шуд.

Ҷангандаҳои ҳиндӣ сешанбе ба мавозеи гурӯҳҳои террористии мустақар дар Покистон ҳамла карданд ва гуфта мешавад, 200 то 300 нафар аз онҳоро куштаанд, аммо Покистон ин иддаои Ҳиндро рад кард.

 

Барчасп