Март 02, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири умури хориҷаи Покистон бар озодии марзбонони рабудашудаи эронӣ

Вазири умури хориҷаи Покистон бар идомаи талошҳо барои озодии марзбонони рабудашудаи эронӣ, дар нуқтаи сифри марзии ду кишвар таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ бо ҳузур дар вижабарномаи сиёсии шабакаи хабарии «Дунё нюз»-и Покистон дар бораи таҳаввулоти ахири минтақаӣ ва равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Исломобод ба талошҳои худ барои озодии дигар марзбонони рабудашудаи Эрон идома медиҳад.

15 октябри 2018, 12 марзбони эронӣ, ки дар нуқтаи сифри марзӣ дар минтақаи Мирҷова дар ҷанубу шарқи Эрон мустақар буданд, тавассути гурӯҳакҳои террористӣ ва зиддиинқилоб рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд, ки аз ин теъдод 5 нафар озод шуданд ва ба Эрон бозгаштанд.

Вазири умури хориҷаи Покистон ҳамчунин бо таъкид бар ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, бархе аз аносур дар марзҳои муштараки ду кишвар ҳузур доранд, ки ҳадафи аслии он, тахриби равобити дӯстона байни Теҳрон ва Исломобод аст ва ин мавзӯъ ҳаргиз аз назари тарафи эронӣ пӯшида нест.

 

 

Барчасп