Содироти Эрон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон афзоиш ёфт
Сафири Эрон дар Боку гуфт, содироти Эрон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли гузаштаи милодӣ нисбат ба соли қабли он афзоиш доштааст.
Ба гузориши ИРНА, Ҷаводи Ҷаҳонгирзода, сафири Эрон дар Боку рӯзи якшанбе дар оини баҳрабардорӣ аз марҳалаи дувуми поёнаи марзии Била Савори Муғон дар устони Ардабил, шимолу ғарби Эрон афзуд, бо барномарезӣ ва эҷоди зерсохтҳои муносиб ҳаҷми табодулоти тиҷории байни ду кишварро метавон то 10 баробар афзоиш дод ва ба панҷ миллиард доллар расонд. Ҷаҳонгирзода бо қадрдонӣ аз масъулони гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, дар соли 2018 аз чаҳор гумруки марзии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Эрон фаъолияти се гумрук 24-соата шудааст. Сафири Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин афзуд, устони Ардабил бо таваҷҷуҳ ба қобилият ва зарфиятҳои худ дар пайвандҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонад нақши муҳиме дошта бошад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дорои чаҳор гузаргоҳи марзӣ, шомили Шоҳи Тахтӣ-Пулдашт, Ҷилфа, Била Савор ва Астара аст, ки ин гумрукот нақши муҳиме дар тавсеа ва равнақи иқтисодӣ ва гардишгарии ду кишвар ифо мекунанд.