Март 05, 2019 12:44 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши нахустин намоишгоҳи тахассусии барқи Эрон дар Ироқ

Нахустин намоишгоҳи тахассусии барқ ва саноати Эрон дар маҳалли намоишгоҳҳои байналмилалии Бағдод, пойтахти Ироқ гушоиш ёфт.

Ба гузориш ИРНА, намоишгоҳи тахассусии барқ ва саноати Эрон рӯзи душанбе бо ҳузури Эраҷи Масҷидӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Луӣ Алхатиб, вазири барқи Ироқ ва ҷамъе аз фаъолони эронию ироқии ин ҳавзаи саноатӣ оғоз ба кор кард.

Масҷидӣ дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ онро гоми муҳиме барои ҳузури бештари Эрон дар арсаи тақвияти ҳамкориҳо бо кишвари дӯст ва бародари Ироқ донист. Эраҷи Масҷидӣ гуфт: “Талош дорем, дар бахшҳои мухталифи саноати барқ заминаи фаъолияти ширкатҳои Эронро дар бозори Ироқ беш аз пеш фароҳам кунем ва дар канори содироти барқ содироти таҷҳизот ва қитъаҳои марбут ба саноати барқ низ дошта бошем”.

Вазири барқи Ироқ, ки ба тозагӣ аз Эрон дидан кардааст, тайи суханоне дар ин маросим ширкатҳои эрониро ширкатҳои тавонманд хонд ва аз баргузории ин намоишгоҳ истиқбол кард. Алхатиб иброз дошт: “Дар бисёре аз тарҳҳои марбут ба ислоҳ ва бозсозии шабака, таъмин қатаот ва эҳдоси нерӯгоҳҳо, бавижа шабакаи интиқол ва тавзеъ аз имконоту тавонмандии ширкатҳои эронӣ истифода мекунем”. Вазири барқи Ироқ таъкид кард, ки истифода аз таҷрибиёти тавонмандиҳои ширкатҳои эронӣ дар саноати барқ ва воридоти барқ аз ин кишвар то замони худкифоӣ дар дохил идома хоҳад ёфт ва азми Бағдод дар ин замина ҷиддӣ аст.