Март 07, 2019 20:24 Asia/Dushanbe
  • Табрики хуҷаста солрӯзи вилодати бо саодати Имом Муҳаммади Боқир (а)

Рӯзи ҷумъа аввали моҳи раҷаби соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 8 марти 2019, хуҷаста солрӯзи вилодати бо саодати имом Муҳаммади Боқир (а), набераи гаронқадри Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Имом Муҳаммади Боқир (а), набераи гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) нахустин рӯзи моҳи раҷаби соли панҷоҳу ҳафти ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушӯд.

Азамати имом Муҳаммад Боқир (а) забонзади хоссу омм буд, ҳарҷо сухан аз волои ҳошимиён ва алавиён ва фотимиён ба миён меомад, эшонро ягона вориси он ҳама қадосат ва шуҷоат ва бузургаворӣ мешинохтанд.

Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшандатарин инсонҳо, бархе аз вижагиҳои ҳазрати имом Муҳаммад Боқир (а) аст.

Дар солрӯзи вилодати ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) саросари Эрони исломӣ дар ҷашну сурур аст.

Маросими ҷашни милоди ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) аз имшаб дар саросари Эрони исломӣ бавижа дар масоҷид, амокини мутабаррика ва имомзодагон баргузор ме‎шавад ва дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) бо ширкат дар ин маросим ва пахши ширинӣ, милоди ин имоми бузургаворро ба якдигар табрик мегӯянд.

Радио тоҷикии Садои Хуросон, фарорасидани солрӯзи вилодати имом Муҳаммади Боқир (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.