Вазири маҷористонӣ: Эрон аз тамаддун ва мероси фарҳангии ғанӣ бархурдор аст
Вазири тавонмандиҳои инсонии Маҷористон (Венгрия) дар дидор бо сафири Эрон дар Будапешт, зимни ситоиш аз фарҳанг ва тамаддуни Эрон гуфт, Эрон дорои пешинаи таърихӣ ва бархурдор аз мероси фарҳангӣ ва тамаддуни бисёр ғанӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, Миклош Каслер, вазири тавонмандиҳои инсонии Венгрия дар дидор бо Ғуломалӣ Раҷабии Яздӣ, сафири Эрон дар Будапешт афзуд, Венгрия аз тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти равобит бо Эрон ҳимоят ва талош мекунад то равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф густариш ёбад.
Вазири тавонмандиҳои инсонии Венгрия бо ишора ба ҳузури беш аз ду ҳазор донишҷӯи эронӣ дар Венгрия гуфт, умедвор аст бо додани тарҳи солонаи сад бурсия (квота) ба донишҷӯён, ҳузури донишҷӯёни эронӣ дар донишгоҳҳои Венгрия афзоиш ёбад.
Сафири Эрон дар Венгрия низ дар ин дидор бо ишора ба пешниҳоди вазири маҷористонӣ дар хусуси таҳқиқ ва пажӯҳиш перомуни решаи муштараки Эрон ва Маҷористон (Венгрия) гуфт, ба зудӣ ду нафар аз устодони бостоншиносии Венгрия ба Эрон сафар мекунанд.
Дар ин дидор ҳамчунин меҳварҳои ҳамкорӣ байни Эрон ва Венгрия ва роҳҳои тавсеа ва тақвияти равобит баррасӣ шуд.