Вокуниши Ситоди ҳуқуқи башари Эрон ба ҳимояти Англия аз ҷосуси зиндонӣ
(last modified Sun, 10 Mar 2019 12:23:28 GMT )
Март 10, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ситоди ҳуқуқи башари Эрон ба ҳимояти Англия аз ҷосуси зиндонӣ

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон гуфт, эътои ҳимояти дипломатии Англия ба ҷосуси зиндонӣ дар Эрон ҳеҷ асари ҳуқуқӣ надорад.

Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷии Бритониё, шаби панҷшанбе  эълом кард, Лондон ба Нозанин Зоғарӣ, маҳкуми амниятии боздоштшуда дар Эрон масунияти дипломатӣ додааст.

Нозанин Зоғарӣ шаҳрванди дутобеиятии  Эрону Англия, ки бо узвият дар ширкатҳо ва муассисоти бегона дар тарроҳӣ ва иҷрои лоиҳаҳои расонаӣ ва сайберӣ бо мавзӯи барандозии нарми низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон мушорикат дошта, ба далели ҷароими амниятӣ дар Эрон муҳокима ва ба ҳабс маҳкум шудааст.

Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон шомгоҳи шанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи “Сеюм”-и телевизиони Эрон афзуд, эътои масунияти дипломатӣ тибқи муқаррароте аст, ки дар гузашта дар қолаби конвенсияҳои байналмилалӣ тасвиб шуда ва ин тавр нест, ки битавон якбора ба ҳар касе масунияти дипломатӣ дод. Лориҷонӣ ҳамчунин бо маҳкум кардани иқдоми давлати Англия дар қарор додани номи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар листи гурӯҳҳои террористӣ гуфт, давлатҳои Англия, Фаронса ва Амрико, ки аз бузургтарин ҳомиёнӣ тавлид, тақвият, таслиҳ ва ҳидояти терроризм ҳастанд, ҳар касеро, ки дӯст надоранд, дар листи гурӯҳҳои террористӣ қарор медиҳанд. Дабири Ситоди ҳуқуқ башари қувваи қазоияи Эрон тасреҳ кард, Ҳизбуллоҳ аз маҳбубтарин нерӯҳои сиёсии дохилии Лубнон аст, ки дар кобина ва маҷлиси ин кишвар ҳузур дорад.