Март 10, 2019 18:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Зариф бар аҳамияти сафари Рӯҳонӣ ба Ироқ

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ироқ дар ҳассостарин замони мумкин сурат мегирад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти музокиротии ҳайати эронӣ ва ироқӣ дар Бағдод бо ҳузури вазири умури хориҷии Ироқ афзуд, равобити ду кишвар роҳбурдӣ аст ва ҳеҷ кас наметавонад онро тазъиф кунад. Вазири умури хориҷии Эрон бо ишора ба музокироташ бо ҳайатҳои ироқӣ гуфт, музокироти хубе бо Муҳаммадалӣ Алҳаким, вазири умури хориҷии Ироқ дар бораи масоили дуҷониба ва минтақа доштааст.

Зариф рӯзи шанбе барои анҷоми муқаддамоти сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии раисҷумҳури Ироқ фардо, душанбе, 11 март дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ-иқтисодие ба Ироқ сафар мекунад.

 

Барчасп