Март 11, 2019 14:07 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Бағдод шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ имрӯз (душанбе) вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии Барҳам Солеҳ, раисиҷумҳур ва Одил Абдулмаҳдӣ, нахустивазири Ироқ барои сафари расмӣ се рӯза, вориди пойтахти Ироқ шуд.

Истиқболи расмӣ аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кохи Ассалом (сулҳ)-и раёсатҷумҳурии Ироқ тавассути Барҳам Солеҳ анҷом хоҳад шуд.

Қарор аст, дар ин сафар чанд тавофуқнома ва ёддошти тафоҳум дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ байни Эрон ва Ироқ имзо шавад.

 

Барчасп