Судури виза барои зоирони эронӣ ва ироқӣ ройгон шуд
(last modified Tue, 12 Mar 2019 07:30:29 GMT )
Март 12, 2019 12:30 Asia/Dushanbe
  • Судури виза барои зоирони эронӣ ва ироқӣ ройгон шуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон душанбешаб дар дидори Муҳаммад Алҳалбусӣ раиси парлумони Ироқ, бо ишора ба равобити ру ба густариши ду кишвар дар заминаҳои гуногун гуфт, парлумонҳои ду кишвар, нақши муҳимме дар тавсеъаи ҳамаҷонибаи равобити ду миллат ва ду кишвар доранд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ дар ин дидор гуфт, Хушбахтона имрӯз иродаи қавӣ ва эҳтимоми ҷиддӣ миёни ҳамаи масъулони эронӣ ва ироқӣ барои тавсеъаи беш аз пеши муносибот ва ҳамкориҳои Теҳрон-Бағдод вуҷуд дорад.

Раиси парлумони Ироқ низ дар ин дидор, сафари раиси ҷумҳури исломии Эрон а Ироқро бисёр муҳим ва нуқтаи атфе дар равобити ру ба тавсеъаи ду кишвар донист ва ибрози умедворӣ кард равобити Ироқ ва Эрон беш аз пеш густариш ёбад.

Муҳаммад Алҳалбусӣ таъкид кард парлумон ва ҳамаи гуруҳҳои сиёсии Ироқ аз руйкарди давлати ин кишвар барои тавсеъаи муносибот ва ҳамкориҳо бо Эрон истиқбол ва аз тавофуқоти ду кишвар ҳимоят хоҳанд кард.

Раиси ҷумҳури исломии Эрон дар дидори намояндагони ҳизбҳои сиёсии Ироқ низ гуфт, ҳануз барои расидан ба амният ва суботи комил дар минтақа ва решакан кардани терроризм роҳи тулонӣ дар пеш дорем.

Раиси ҷумҳури Эрон бо ситоиш аз истодагии миллат ва артиши Ироқ дар баробари террористҳо афзуд, дар рӯзҳое, ки бархе кишварҳо лабханд бар лаб тасаввур мекарданд, ки мардуми Ироқ аз террористҳои ДИИШ шикаст мехуранд-миллати Эрон дар канори мардуми Ироқ буд ва тавонистем бо ҳам бузургтарин шикастро ба террористҳо ворид кунем.

Дар ин дидор намояндагони ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсии Ироқ зимни мардуд донистани таҳримҳои золимона ва ғайриқонунӣ алайҳи Эрон ҳамбастагии худро бо миллати Эрон дар муқобила бо таҳримҳо эълом карданд.

Муовини иртиботот ва иттилоърасонии  Дафтари раиси ҷумҳурии  Эрон низ аз судури визаи ройгон барои зоирони эронӣ ва ироқӣ хабар дод. Парвизи Исмоилӣ муовини иртиботот ва иттилоърасонии Дафтари раиси ҷумҳури  Эрон рӯзи душанбе дар саҳифаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ навишт, судури виза барои зоирони эронӣ ва ироқӣ аз апрели 2019 ройгон мешавад.

Тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ байни вазорати саноъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва Вазорати тиҷорати Ироқ эҳдоси прожаи роҳи оҳани Басра-Шаламча, осоншудани  гирифтани виза барои сармоягузорон, тоҷирон ва бозаргонон, ҳамкории муштарак дар заминаҳои муртабит бо саломат ва тафоҳумномаи ҳамкории муштарак байни Вазорати нафти Эрон ва Вазорати нафти Ироқ панҷ санади ҳамкорӣ буд, ки вазирон ва масъулони ду кишвар дар ҳузури Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ва Одил Абдулмаҳдӣ нахуст вазири Ироқ ба имзо расонданд.

Раиси ҷумҳури Эрон рӯзи душанбе дар сафаре се рӯза вориди Бағдод шуд ва мавриди истиқболи расмии Барҳам Солеҳ ҳамтои ироқӣ қарор гирифт. Руҳонӣ ҳамчунин асри душанбе дар кохи нахуствазирии Ироқ бо Одил Абдулмаҳдӣ нахуст вазири Ироқ дар бораи масоили мавриди алоқа бавижа роҳҳои таъмиқи муносиботи ду кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.