Март 14, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Тими футсоли Эрон дар раддаи сеюми беҳтаринҳои ҷаҳон

Тими футсоли Эрон бо касби 1663 имтиёз ҳамчунон дар раддаи сеюми бартарин тимҳои ҷаҳон қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси эъломи сойти мӯътабари “World Futsal Ranking”, тими миллии футсоли Эрон дар моҳи марти ҷорӣ, ҳамчун моҳи қабл (феврали 2019) тавониста баъд аз темҳои қудратманди Бразилия ва Испания дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирад.

Тими миллии Аргентина дар ин раддабандӣ ҳамчун Эрон бо 1663 имтиёз ба сурати муштарак дар раддаи сеюм қарор дорад.

Тимҳои Русия, Португалия, Қазоқистон, Италия, Украина ва Парагвай низ ба тартиб дар раддаҳои панҷум то даҳум қарор доранд. Ҷопон дигар тими осиёӣ дар раддаи 14-уми ҷаҳон қарор дорад.