Март 15, 2019 20:17 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Эрон хостори ҳалли мусолиматомези таниши байни Ҳинд ва Покистон аст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори ҳалли мусолиматомези танишҳо байни Ҳинд ва Покистон аст.

Сайидаббоси Ироқчӣ имрӯз (ҷумъа) дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер бо баёни ин ки Эрон ва Покистон ҳамсоягон ва дӯстони наздик ҳастанд, навишт: Имрӯз бо Таҳмина Ҷанҷуа муовини вазири хориҷаи Покистон телефонӣ гуфтугӯ шуд ва дар ин гуфтугӯ барои тақвияти ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризм тавофуқ кардем.

Танишҳо дар муносиботи Ҳинд ва Покистон пас аз ҳамлаи 14 феврали гурӯҳи террористии мавсум ба "Ҷайши Муҳаммад" ба нируҳои ҳиндӣ дар Кашмири таҳти контроли ин кишвар оғоз шуд. Дар ин ҳамлаи террористи 44 низомии ҳиндӣ кушта шуданд.

Пас аз ин ҳамлаи террористӣ, ҳавопаймоҳои ҳиндӣ маҳалеро дар Кашмири таҳти контроли Покистон бомбаборон карданд.

Ҳинд мӯътақид аст Покистон аз гурӯҳи террористии "Ҷайши Муҳаммад" ҳимоят мекунад, аммо Покистон ин иддаоро рад кардааст.