Март 16, 2019 15:50 Asia/Dushanbe
  • Нишасти “Адабиёти муосири Эрон” дар шашумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Истанбул

Адабиёти муосири Эрон дар панеле дар шашумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Истанбул, тавассути раиси бахши адабиёти форсии Донишгоҳи Истанбул ва вобастаи фарҳангии сарконсулгарии Эрон дар ин шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Анатолий, профессор Алӣ Гузал Юз, устод ва раиси бахши адабиёти форсии Донишгоҳи Истанбул дар нишасти “Адабиёти имрӯзи Эрон” дар чорчӯби шашумин намоишгоҳи байналмилалии Китоби Истанбул, бо ишора ба таърих ва сабкҳои гуногуни шеъри Эрон ва осори шуарои матраҳи ин кишвар гуфт, мавзӯоти ҷадид дар шеъри Эрон пас аз давраи машрутият дар ин кишвар матраҳ шуд.

Вай идома дод, пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал, нависандагоне монанди Муҳаммадалии Ҷамолзода дар китоби “Яке буд, яке набуд” ба аҳамияти эҷоди таҳаввул дар адабиёт таъкид кардаанд. Пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал шуарое монанди Баҳор бештар бар таҳаввули шеър таъкид доштанд.

Гузал Юз бо баёни ин ки навгароӣ дар шеъри Эрон бо Нимо Юшиҷ вориди масири ҷадиде шуд, гуфт, Юшиҷ бо тағйири қолабҳои классики ашъори адабиёти форсӣ, хадамоти зиёде анҷом дод.

Ин устоди адабиёти форсӣ сипас бо хондани ашъоре аз шуарои маъруфи Эрон ба ваҷҳи тамоюзи ашъори классик ва нав пардохт.

Куруши Муқтадирӣ, вобастаи фарҳангии сарконсулгарии Эрон дар Истанбул низ дар бораи адвори мухталифи достон ва романи адабиёти муосири ин кишвар изҳор дошт, адабиёти муосир аз авохири давраи Қоҷор оғоз шуда ва то имрӯз идома дорад.

Вай ҳамчунин ба адабиёти давраи “Дифои муқаддас” пардохт ва дар иртибот бо ҷойгоҳи занон дар адабиёти форсӣ гуфт, шумори занони адиб ним қарн пеш камтар аз замони ҳол буд. Акнун ин шумор рӯ ба афзоиш аст.

Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Истанбул то 17 март дар маҳалли баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии Истанбул (CNR) доир хоҳад буд.

 

Барчасп