Март 16, 2019 21:44 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи тулӯи хуршеди ҷуду сахо Имом Ҷавод (а)

Фардо (якшанбе) даҳуми раҷаби 1440 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 17-уми марти 2019, солрӯзи вилодати бо саодати имом Муҳаммад Тақӣ (а), набера ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Имом Муҳаммад Тақи (а) 10-уми раҷаби соли 195 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва пас аз шаҳодати падари бузургавораш имом Ризо (а), ӯҳдадори масъулияти раҳбарии мусулмонон шуданд.

Лақаби мубораки имом Муҳаммад Тақӣ(а), Ҷаводул Аимма аст.

Имом Ризо (а) дар бораи манзалати фарзандашон имом Ҷавод (а) фармуданд:"Ман дорои писаре шудаам, ки ҳамчун Мӯсо (а) шикофандаи дарёҳои илм аст."

Дар даврони 17 солаи имомати имом Ҷавод (а), фирқаҳои мухталифи исломӣ ва ғайриисломӣ рушд карда буданд ва улум ва фунуни соири миллатҳо мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифта буд, аз ин рӯ эшон вориди баҳсҳои илмӣ ва эътиқодӣ шуданд ва дар мунозира бо мухолифон аз адёни мухталиф бо сармояи худоӣ аз имомат посдорӣ карданд.

Мардуми худоҷӯи Эрони исломӣ дар солрӯзи вилодат бо саодати имом Муҳаммад Тақӣ (а) бо ҳузур дар амокини муқаддас бавижа ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а), падари бузургавори эшон, ҷашн‎ҳоеро баргузор ме‎кунанд.

Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вилодати имом Муҳаммад Тақӣ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.