Нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
Сездаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳузури Фарҳоди Дижписанд вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон ва Шоҳин Мустафоев вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку баргузор шуд.
Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон рӯзи ҷумъа дар поёни иҷлоси дурӯзаи комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Боку гуфт: Илова бар ёддошти тафоҳуми ниҳоии иҷлос, асноди муҳими дигаре низ дар хусуси сармоягузории муштарак ба имзои ду тараф расид.
Дижписанд бо ишора ба раванди тавсиаи равобити иқтисодии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ин, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷории миёни ду кишвар дар соли 2018, 74 дарсад рушд дошт, тасреҳ кард: Азми мақомоти ду кишвар маътуф ба идомаи ин раванд аст.
Дар ин нишасти дурӯза роҳкорҳои густариши ҳамкориҳои Теҳрон ва Боку дар ҳавзаҳои сармоягузорӣ, тиҷорӣ, молӣ ва бонкӣ, гумрук ва масоили марзӣ, иртиботот, энержӣ ва муҳити зист, кишоварзӣ, амнияти ғизоӣ ва беҳдошт, илмӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ дар қолаби ҳашт кумитаи тахассусӣ баррасӣ шуд.
Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон рӯзи ҷумъа дар ҳошияи баргузории ин нишаст бо Илҳом Алиев раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дидор кард. Дар ин дидор азми ду кишвари ҳамсоя барои тақвияти равобити дуҷониба мавриди таъкид қарор гирифт.
Ҳамчунин дар дидори вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон ва Ҷовид Қурбонов раиси роҳи оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳкорҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчуби тарҳ такмили долони байналмилалии ҳамлу нақли Шимол - Ҷануб ва транзити колоҳо аз тариқи хоки ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҳамкорӣ дар ҳавзаи ҳамлу нақли аз роҳи оҳан аз тарҳҳои калидӣ дар равобити ду ва чандҷонибаи Теҳрон ва Боку маҳсуб мешавад.
Субҳон Толиблӣ узви Институти шарқшиносии Академияи миллии улуми Ҷумҳурии Озарбойҷон мегӯяд: "Долони ҳамлу нақли байналмилалии Шимол-Ҷануб тарҳе геополитикӣ аст, ки муҷиби таҳким ва тақвияти мавқеияти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мантиқаи Қафқози Ҷанубӣ ва ҳавзаи Хазар хоҳад шуд. Ин масири ҳамлу нақли байналмилалӣ барои ҳамли коло аз Ҳиндустон ва ҷанубу шарқи Осиё аз тариқи Бандари Аббос дар Эрон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон шароити лозимро фароҳам хоҳад овард."
Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кард, ёддошти тафоҳуми имзошуда дар поёни ин нишаст ҳамаи тавофуқоти ҳосилшуда барои фаъолиятҳои иқтисодии муштараки ду кишвар дар як соли ояндаро дар бар мегирад.
Яке аз аҳдофи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсиаи равобити дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва ба вижа бо кишварҳое аст, ки бо онҳо аз лиҳози геополитикӣ, динӣ ва қавмӣ иштирокҳое дорад. Иштирокоти забонӣ ва динӣ, ташобуҳот дар одоб ва русуми ду кишвар барои тавсиаи равобити байни Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ангеза ва шароити вижаеро эҷод кардааст.
Рафтуомадҳои ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар ва баргузории муназзами комиссияҳои муштараки иқтисодӣ, нишон аз умқи равобити ду кишвар дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин заминаҳо ва фурсати тозае, ки барои тавсиаи равобит фароҳам шудааст, интизор меравад муносиботи ду кишвар дар соли пеши рӯ, ба сатҳи болотаре густариш ёбад.