Март 17, 2019 15:40 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи таърих ва табиати Эрон дар Мексика

Намоишгоҳе бо унвони “Нигоҳе бар осори таърихӣ ва табиати Эрон” дар Мехико-Сити пойтахти Мексика барпо шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин намоишгоҳ ба муддат се ҳафта дар хиёбони Реформаи Мехико-Сити дар маърази диди алоқамандон хоҳад буд.

Реформа хиёбони аслии Мехико-Сити ва макони вуқӯи бисёре аз рӯйдодҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ аст, ки илова бар мардуми Мексика ҳарсола гардишгарони зиёде аз саросари ҷаҳон аз он дидан мекунанд.

Муҳаммадтақии Ҳусайнӣ сафири Эрон дар Мексика дар ойини гушоиши намоишгоҳи “Нигоҳе бар осори таърихӣ ва табиати Эрон”, ки арсаи намоиши осоре аз таърих, тамаддун, фарҳангу табиат ва низ зиндагии рӯзмарраи мардуми Эрон аст, гуфт: Ин рӯйдоди фарҳангӣ, фурсате фароҳам карда то панҷарае аз Мехико-Сити ба зебоиҳои таъриху фарҳанг ва табиати Эрон боз шавад.