Март 18, 2019 11:01 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густурдаи ифтитоҳи фазаҳои ҷадиди Порси Ҷанубӣ дар расона‎ҳои ҷаҳон

Ифтитоҳ ва баҳрабардории чаҳор фазаи ҷадиди Порси Ҷанубии Эрон, бозтоби густурдае дар расонаи ҷаҳон дошт.

Ба гузориши ИРНА, чаҳор фазаи (марҳалае аз фароянди сохти сохтумон ё таъсисот)-и ҷадиди тарҳи тавсеаи майдони газии Порси Ҷанубӣ рӯзи якшанбе бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар устони Бушеҳр (ҷануби Эрон) ба баҳрабардорӣ расид.

Хабари ин ифтитоҳи бузург онҳам дар авҷи талошҳои Амрико барои таҳрими миллати Эрон, бозтоби густурдае дар расонаҳои ҷаҳон дошт.

Хабаргузории “Associated Press” дар бораи афзоиши тавлиди гази Эрон навишт: Эрон дар ҳоли ҳозир беш аз 600 миллион метри мукааб газ ва 200 ҳазор бушка маҳсулоти газии “gas condensates” тавлид мекунад, ва Ҳасани Рӯҳонӣ хабар аз ифтитоҳи чаҳор проекти ҷадид бо сармоягузорӣ ба арзиши панҷ миллиарддоллар дод, ки ҳар кадом аз ин проектҳо 56 миллион метр мукааб гази табиӣ ва 75 ҳазор бушка миъонот(фаровардаҳо)-и газӣ ба тавлидоти Эрон изофа хоҳанд кард.

Хабаргузории Рейтерз низ зимни бозтоби хабари ифтитоҳи чаҳор фазаҳои ҷадиди Порси Ҷанубӣ аз сафҳаи шахсии Бижани Зангана, вазири нафти Эрон навишт: Эрон то марти соли оянда теъдоди фазаҳои мавриди баҳравариро ба 27 адад мерасонад.

Вашингтон пост, низ дар гузориши худ бо ишора ба суханони Муҳаммад Мушкинфом, мудиромили Ширкати нафт ва гази Порси Ҷанубӣ дар ойини ифтитоҳи расмии фазаҳои 13, 22, 23 ва 24 майдони газии Порси Ҷанубӣ навишт: бо роҳандозии фазаҳои ҷадиди Порси Ҷанубӣ мизони тавлиди гази Эрон аз Қатар пешӣ хоҳад гирифт.

Ню-Йорк Таймз низ бо ишора ба афзоиши тавлиди гази Эрон мутаоқибан ифтитоҳи фазаҳои ҷадид навишт, бо изофа шудани тавлидоти чаҳор фози ҷадиди тавлиди Эрон аз Қатар бештар хоҳад шуд, ду кишвар дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин тавлидкунандагони газ дар ҷаҳон ҳастанд.

Вебгоҳи ҳиндии Безинс Стандарт, хабаргузории Син Хуа аз Чин ва хабаргузории Франс пресс дар канори даҳҳо шабакаи телевизионӣ ва пойгоҳи хабарии дигар, аз дигар расонаҳоие буданд, ки ифтитоҳи чаҳор фазаи ҷадиди Порси Ҷанубиро ба шакли густурда мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.