Рӯҳонӣ: Аз Амрико шикоят мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42537-Рӯҳонӣ_Аз_Амрико_шикоят_мекунем
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон аз мақомоти амрикоӣ ба иллати таҳрими Эрон, ки ҷиноят алайҳи башарият аст, шикоят хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 18, 2019 13:21 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Аз Амрико шикоят мекунем

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон аз мақомоти амрикоӣ ба иллати таҳрими Эрон, ки ҷиноят алайҳи башарият аст, шикоят хоҳад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар поёни ҷаласаи ҳайати давлати Эрон дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, амрикоиҳо мехоҳанд ба Теҳрон бозгарданд ва бар мардум мусаллат шаванд, аммо мардуми муқовим ва муборизи Эрон ин иҷозаро ба душманон намедиҳанд.

Рӯҳонӣ гуфт, амрикоиҳо бидуни ҳеҷ далеле аз тааҳҳуди худ дар БарҶом (тавофуқи ҳастаӣ) хориҷ шуданд ва ба қавли худашон, шадидтарин таҳрим алайҳи миллати Эронро иҷро карданд, зеро фикр мекунанд бо идомаи таҳримҳо метавонанд ба Эрон бозгарданд, аммо ин ҳадаф имконпазир нест.

 

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо шарҳи амалкарди давлати Эрон дар як соли гузашта гуфт, давлати Эрон ҳамаи тавони худро барои муқобила бо тавтеаҳо ба кор гирифтааст ва ин равандро то пирӯзӣ бар душманон идома хоҳад дод.