Март 19, 2019 20:32 Asia/Dushanbe
  • Таъсири сафар ба Эрон бар духтари сафири Швейтсария дар Русия

Ив Россе, сафири Швейтсария дар Маскав ва қоиммақоми собиқи Вазорати хориҷии ин кишвар ҳафтаи гузашта номае ба Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия дар хусуси сафари духтараш Мэрри ба Эрон ирсол кард.

Ба гузориши “Спутник”, сафири Швейтсария дар Русия дар ин нома бо ишора ба сафари духтараш Мэрри ба Эрон навишта, ки ин сафар таъсири амиқе бар ӯ гузоштааст.

Мэрри дар хусуси сафараш матлабе бо унвони "Эронро фаротар аз қолабҳо кашф кунед", ба як рӯзномаи швейтсарӣ ирсол карда, ки дар ин матлаб навиштааст: “Ба унвони зани танҳо чӣ иттифоқоти хубе дар ин сафар рух дод. Ҳоло ки ба Фрейбург бозмегардам, аз ин ки хориҷ аз Эрон мегуфтанд, "оини сафар хатарнок аст" ва "он ҷо як кишвар исломӣ аст", хаста ва нороҳат ҳастам. Эрон ҷое аст, ки метавонед Исфаҳон – “нисфи ҷаҳон"-ро кашф кунед, Теҳрони мудерн, Язди фиребанда ва Шерози тасхиркунандаро бубинед ва тамошогари шукӯҳи Тахти Ҷамшед бошед! Эрон ҷое аст, ки мардум сандалии худ дар метроро ба шумо медиҳанд, чун аз ҷойи дигаре омадаед!”. Ӯ дар ин матлаб меафзояд, Эрон ҷое аст, ки вақте пулис мебинад, дар канори ҷода дасти худро баланд кардаед, меистад ва худаш бароятон як мошин пайдо мекунад. Таоруфро дар ҳама чеҳраҳо мебинед ва ҳатто маҷбур мешавед, даъват ба ғизо, маҳалле барои хобу нӯшидани чойро рад кунед, чун ин даъватҳо хеле зиёд ҳастанд.

Духтари сафири Швейтсария дар Русия дар поёни матлаби худ аз ҳамватанонаш даъват кардааст, то ин гавҳар (Эрон)-ро кашф кунанд ва ҳатман вақте бозмегарданд, иваз шудаанд.

 

Барчасп