Раҳбари муъаззами инқилоб, соли 1398 шамсиро соли "равнақи тавлид" ном ниҳоданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42587-Раҳбари_муъаззами_инқилоб_соли_1398_шамсиро_соли_равнақи_тавлид_ном_ниҳоданд
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ, бо табрики иди Наврӯз ва милоди масъуди амири муъминон ҳазрати Алӣ (а) ба ҳаммеҳанони азиз бавижа хонаводаҳои муъаззами шаҳидон ва ҷонбозон ва бо орузӯи соле ҳамроҳ бо шодӣ, саодат, саломати ҷисмӣ ва тавфиқоти рӯзафзуни модӣ ва маънавӣ барои миллати Эрон соли навро соли "равнақи тавлид" номгузорӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 21, 2019 13:26 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб, соли 1398 шамсиро соли

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ, бо табрики иди Наврӯз ва милоди масъуди амири муъминон ҳазрати Алӣ (а) ба ҳаммеҳанони азиз бавижа хонаводаҳои муъаззами шаҳидон ва ҷонбозон ва бо орузӯи соле ҳамроҳ бо шодӣ, саодат, саломати ҷисмӣ ва тавфиқоти рӯзафзуни модӣ ва маънавӣ барои миллати Эрон соли навро соли "равнақи тавлид" номгузорӣ карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар арзёбии соли 97 онро соле пур моҷаро хонданд ва хотирнишон карданд, душманон дар ин сол нақшаҳои зиёде барои Эрон кашида буданд, аммо миллати Эрон ба маънии воқиъӣ хуш дурахшид ва бо салобат ва басира ва бо ҳиммати ҷавонон он нақшаҳоро хунсо кард.

Раҳбари муъаззами инқилоб вокуниши мардуми Эрон ба таҳримҳои шадиди Амрико ва Аврупоро дар арсаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, вокунише муҳкам ва муқтадирона баршуморданд ва афзуданд, дар арсаи сиёсӣ мазҳари ин вокуниш, роҳпаймоии азими 22 баҳман ва мавзеъгириҳои мардуми Эрон дар тули сол буд ва дар арсаи тақобули иқтисодӣ низ бо афзоиши ибтикороти илмӣ ва фаннӣ, афзоиши чашмгири ширкатҳои донишбунён, афзоиши тавлиди зербиноӣ ва асосии дохилӣ монанди ифтитоҳи фозҳои гази ҷануби кишвар ва ифтитоҳи полоишгоҳи бузурги Бандараббос, миллати Эрон тавонист дар муқобили душманӣ ва хабисиҳои душманон, қудрат ва ҳайбат ва азамати худро нишон диҳад ва обуруи миллат ва инқилоб ва низоми ҷумҳурии исломӣ афзоиш пайдо кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома мушкили асосии кишварро ҳамчунон мушкили иқтисодӣ донистанд ва бо ишора ба афзоиши мушкилоти маъишатии мардум дар моҳҳои ахир гуфтанд, бахше аз ин мушкилот марбут ба мудириятҳои норасо дар заминаи масоили иқтисодӣ аст, ки  ҳатман бояд ҷуброн шавад, албатта барномаҳо ва тадбирҳое андешида шудааст, ки ин тадбирҳо бояд дар тули соли нав ба самар бинишинад ва мардум осори онро эҳсос кунанд.

Раҳбари муъаззами инқилоб бо ишора ба истиқболи мардуми Эрон аз шиори соли 97 яъне ҳимоят аз колои эронӣ ва осори мусбати он афзуданд, имсол масъалаи меҳварӣ ва аслӣ масъалаи тавлид аст, зеро агар тавлид ҷараён ёбад, ҳам мушкилоти маишатӣ ва иштиғол ҳал мешавад ҳам муҷиби истеғнои кишвар аз бегонагон ва душманон хоҳад шуд ва ҳатто метавонад мушкили арзиши пули миллиро то ҳудуди зиёде бартараф кунад, бинобарин ман шиори имсолро "равнақи тавлид" қарор додам.

Раҳбари муъаззами инқилоб ҳамагонро ба талош барои равнақи тавлид дар кишвар фаро хонданд ва ибрози умедворӣ карданд бо густариши чашмгир ва маҳсуси ин талош дар тули сол мушкили иқтисодӣ дар масири ҳал шудан қарор бигирад.

Раҳбари муъаззами инқилоб бо дуруд ба арвоҳи имоми роҳил ва шаҳидони сарафроз ва бо салом ба пешгоҳи ҳазрати Валии аср (аҷ) дуои он бузургвор ва саодати миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳое, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд, аз худованд масъалат карданд.