Март 21, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ хабар дод, 4 марзбони эронӣ озод шуданд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз озодии 4 тани дигар аз марзбонони рабуда шудаи Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНО, Баҳроми Қосимӣ чаҳоршанбе шаб бо эъломи озодии 4 тани дигар аз марзбонони Эрон, ки 15 октябри 2018 тавассути террористҳо дар нуқтаи сифри марзии Мирҷова дар вилояти Систону Балуҷистон ҷануби шарқи Эрон ба гаравгон гирифта шуда буданд аз давлат ва артиши Покистон барои амалиёти муваффақи озодсозии ин азизон қадрдонӣ ва ибрози умедворӣ кард марзбонони боқимонда низ ҳарчи сареътар раҳоӣ ёфта ва ба саломат ба Эрон бозгарданд.

Қосимӣ ҳамчунин бори дигар бар азм ва иродаи Эрон ва Покистон барои муқоибла бо падидаи шуми терроризм ва идомаи ҳамкориҳои иттилоотӣ ва амниятии ду кишвар таъкид кард.

15 октябри 2018 марзбони эроние, ки дар нуқтаи сифри марзӣ дар минтақаи Мирҷова ҷануби шарқи Эрон мустақар буданд тавассути гуруҳаки террористии Ҷайшул зулм рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд. Пеш аз ин дар паи машваратҳо ва талошҳои ду кишвар 5 марзбони рабуда шуда озод ва ба Эрон бозгаштанд.

Гуруҳаки террористии Ҷайшул зулм бо тафаккуроти салафӣ ва ваҳоббӣ аз ҷумла ҳомиёни гуруҳҳои террористӣ ва такфирӣ дар Сурия аст.

Ин гуруҳаки террористӣ токунун масъулияти чанд қатл, террор ва ҳамлаи террористӣ дар устони Систону Балучистон ҷануби шарқи Эрон аз ҷумла ҳамлаи террористии Зоҳидонро баруҳда гирифтааст.

Дар ҳамлаи террористии Зоҳидон, ки 13 феврал руй дод 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

 

Барчасп