Март 22, 2019 15:41 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики наврӯзӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Эрон дар паёме фаро расидани ҷашни Наврӯзро ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои тоҷики худ табрик гуфт.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ дар ин паём барои раиси ҷумҳур ва миллати Тоҷикистон аз Худованд соле оканда аз умед, сурур ва беҳрӯзиро масъалат кард.

Матни паёми раиси ҷумҳури Эрон ба Эмомалӣ Раҳмон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим

Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон

Бо камоли  масаррат оғоз соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ ва фаро расидани Наврӯзи бостонӣ ва гушоиши чеҳраи дилангези баҳорро табрик ва таҳният мегуем.

Ҷорӣ шудани  суруди тарабангези Наврӯз, шикуфтани шукуфаҳо, сабз шудани ҷони табиат ва ҳилҳилаи парастуҳои баҳорӣ, ҳама ва ҳама нишон аз қудрати лоязоли Илоҳӣ, фориғ аз куҳнагӣ, ба  фаромушӣ сипордани сардии замистон ва таҷдиди зебоӣ ва меҳрбонӣ аст.

Умедворам бо гарм шудани ҷони замин ва оғози растохези табиат, нигариш ва андешаи одамиён ҳамчун рӯзгорашон нав гардад ва бо илҳом аз утуфати баҳор, беш аз пеш ба якдигар шафаққат ва меҳрбонӣ варзанд ва соле туам бо оромиш ва саршор аз ишқро оғоз кунанд.

Умедворам мо давлатмардон низ битавонем ба воситаи вазиши насими шайдоии баҳор, муҷиботи сулҳу якпорчагии ногусастанӣ миёни миллалро фароҳам карда ва рифоҳ ва шукуфоии фузунтареро ба мардуми худ пешкаш намоем.

Аз худованди мутаол соле оканда аз умед,  сурур ва беҳрӯзӣ барои ҷаноби олӣ ва мардуми Тоҷикистон  масъалат дорам.