Март 23, 2019 15:56 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор марзбони озодшудаи эронӣ вориди Теҳрон шуданд

4 тани дигар аз марзбонони Эрон, ки 15 октябри 2018 ба дасти террористҳо дар нуқтаи сифри марзии Мирҷова дар устони Систону Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон рабуда шуда буданд ҷумъашаб вориди Теҳрон шуданд.

Ба нақл аз ИРНО, Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон чаҳоршанбеи гузашта аз озодии ин 4 марзбони эронӣ хабар дода буд.

Ин марзбонон дар пайи ройзаниҳо миёни мақомоти сиёсӣ, амниятӣ ва иттилоотии Эрон ва Покистон ва талошҳои шабонарӯзии неруҳои амниятӣ ва иттилоотӣ озод шуданд ва ба Эрон бозгаштанд.

Шомгоҳи душанбе 15 октябри 2018 дувоздаҳ марзбони эронӣ, ки дар нуқтаи сифри марзии Мирҷова мустақар буданд тавассути гуруҳаки террористии мавсум ба Ҷайшул адл рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд.

Пеш аз ин дар паи ройзанӣ ва талошҳои ду кишвар, 5 марзбони рабуда шуда озод ва ба Эрон бозгашта буданд.

Талошҳо барои озодии боқии асирон идома дорад.

Гуруҳаки террористии Ҷайшул адл бо тафаккуроти салафӣ ва ваҳҳобӣ аз ҷумла ҳомиёни гуруҳҳои террористӣ ва тақфирӣ дар Сурия аст.