Март 26, 2019 16:20 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи ҳодисаи сели вайронгари Шероз

Дар пайи сели вайронгари Шероз дар ҷануби Эрон, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба имоми ҷумъаи ин шаҳр, зимни тасалият ба мардуми доғдор, суръат ва ҷиддият дар амри имдодрасонӣ ба ҳодисадидагонро хостор шуданд.

Ба гузориши дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дар паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ҳуҷҷатулислом Лутфуллоҳи Дижком имоми ҷумъаи Шероз омадааст: Ҳодисаи таассурангези сели вайронгар дар Шероз, ки ба даргузашти теъдоде аз мардуми азиз ва доғдор шудани хонаводаҳо дар айёми ид ва низ ба маҷруҳияти ҷамъе дигар ва вайронӣ ва хисорат дар шаҳр анҷомид, мояи андӯҳи инҷониб аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Муқтазӣ аст ҳуҷҷатулислом Дижком имоми ҷумъаи Шероз зимни иблоғи салом ва тасалияти инҷониб ба хонаводаҳои мусибатдида ва низ ба маҷруҳони ин ҳодиса, дар талош барои ғамгусорӣ ва ҷуброни мусибатҳо ва хисорат ва кумак ба мардум, бо масъулони давлатӣ ҳамкорӣ ва ҳамагонро тавсия ба суръат ва ҷидият дар анҷоми вазифа кунед.

Дар ҳодиса сели рӯзи душанбе дар Шероз, 19 нафар кушта ва 105 нафар захмӣ шуданд.