Сентябр 16, 2016 20:53 Asia/Dushanbe
  • Табрики мелоди хуҷастаи хуршеди ҳидоят - Имом Ҳодӣ (а)

Эрони исломӣ имшаб ва фардо дар солрӯзи тулӯи хуршеди дурахшони осмони ҳидоят ва валодати пешвои бузурги мусулмонон - ҳазрати Имом Ҳодӣ (а) саросар нуру сурур аст.

Фардо, понздаҳуми зилҳаҷҷа, баробар бо бистуҳафтуми шаҳривар ва ҳафдаҳуми сентябр, солрӯзи валодати босаодати набераи гаронқадри расули Худо (с) ва пешвои бузурги мусулмонон-ҳазрати Имом Ҳодӣ (а) аст.

 Ҳазрати Имом Алии Нақӣ (а), маъруф ба "Ҳодӣ", фарзанди Имом Ҷавод (а) дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ аз модари покдомане ба номи Самона мутаваллид шуд ва пас аз шаҳодати падари бузургавораш 33 сол раҳбарии уммати исломиро бар ӯҳда гирифт.

Дар ин муддат он ҳазрат барои нашри аҳкоми Ислом ва омӯзишу парвариши шогирдони донишманд ва шиносонидани мактаби Исломи ноби Муҳаммадӣ (с) гомҳои баланд бардошт.

Ҳарами мутаҳҳари Имом Ҳодӣ (а) дар наздики Сомирро, дар кишвари Ироқ ҳамвора зиёратгоҳи ошиқони хонадони рисолат аст.

Муъминон ва дилдодагони хонадони нубувват дар Эрони исломӣ ва бисёре аз манотиқи ҷаҳони Ислом дар шабу рӯзи валодати босаодати ҳазрати Имом Ҳодӣ (а), бо ҳузур дар марокизи мазҳабӣ ва барпоии ҷашни мелоди он ҳазрат ба остони арҷманди хонадони исмат ва таҳорат алайҳимуссалом ибрози адабу иродат мекунанд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон валодати ин Имоми бузургаворро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.