Марги 35 нафар дар селҳои 10 рӯзи ахир дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42723-Марги_35_нафар_дар_селҳои_10_рӯзи_ахир_дар_Эрон
Ҷонишини мудирияти буҳрони Созмони пизишки қонунии Эрон марги 26 нафарро дар пайи борандагиҳои шадиди ахир ва вуқӯи сел дар устонҳои мухталифи ин кишвар таъйид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 27, 2019 13:13 Asia/Dushanbe
  • Марги 35 нафар дар селҳои 10 рӯзи ахир дар Эрон

Ҷонишини мудирияти буҳрони Созмони пизишки қонунии Эрон марги 26 нафарро дар пайи борандагиҳои шадиди ахир ва вуқӯи сел дар устонҳои мухталифи ин кишвар таъйид кард.

Меҳрдоди Алибахшӣ гуфт, дар мавҷи дуввуми борандагиҳои ахир дар Эрон, ки аз рӯзи душанбе ҳамин ҳафта оғоз шуд, 18 нафар дар шаҳри Шероз (устони Форс), як нафар дар устони Хузистон, як нафар дар устон Кӯҳкилуя ва Буйр-Аҳмад, се нафар дар устони Гулистон, ду нафар дар устони Луристон ва як нафар дар устони Симанон бар асари вуқӯи сел, ҷони худро аз даст доданд.

Ҷонишини мудирияти буҳрони Созмони пизишки қонунии Эрон афзуд, дар мавҷи аввали борандгиҳо низ, ки аз се рӯз монда ба Наврӯз оғоз шуда ва мунҷар ба ҷорӣ шудани сел шуда буд, 9 нафар дар устонҳои шимоли Эрон шомили Мозандарон, Гулистон ва Хуросони Шимолӣ ҷон бохтанд.