Ҳузури Эрон дар намоишгоҳи байналмилалии саноеи Узбакистон
Намоишгоҳи байналмилалии саноеи Узбакистон бо ҳузури беш аз 150 ширкат аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, азҷумла ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ба кор кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, намоишгоҳи байналмилалии саноеъ дар маркази намоишгоҳи байналмилалии “Ӯз Экспо Марказ” - и шаҳри Тошканд бо ҳузури беш аз 150 ширкат аз 16 кишвари ҷаҳон, азҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Австрия, Арманистон, Беларус, Олмон, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Литва, Русия, Туркия, Украина, Фаронса, Швейтсария, Шветсия ва Узбакистон оғоз ба кор кард.
Ин намоишгоҳи байналмилалӣ шомили бахшҳои фанновариҳои тахассусӣ, фанновариҳо ва таҷҳизот барои саноеи маъдан, филизсозӣ ва мошинсозӣ, саноеи кимиёӣ, саноеи плостики ва полиграфи ва бастабандӣ аст.
Намояндаи Эрон дар ин намоишгоҳ гуфт, воҳидҳои санъатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳудуди 15 воҳид дар заминаҳои слиндри газ ва дегҳои бухор, фум (пена) ва қатаоти мошину роҳсозӣ ҳузур доранд, ки тавассути мардум ва санъатгарони Узбакистон мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.
Муҳаммад Ҳусайнзода афзуд, дар ин намоишгоҳи тахассусӣ санъати Эрон барои Узбакистон бисёр муфид мебошад ва умедворем, ки дар ин намоишгоҳ қарордодҳои тиҷории зиёде баста шавад.