Ташаккури Руҳонӣ аз кишоварзони фидокор дар устонҳои дар маърази сел
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба устонм Хузистон аз кишоварзоне, ки ба хотири ҳифзи ҷони аҳолӣ мумкин аст, дучори зарару ва зиён шаванд, ташаккур кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Ҳасани Руҳонӣ рӯзи ҷумъа дар ҷаласа Шӯрои ҳамоҳангии мудирияти буҳрони устони Хузистон дар ҷанубу ғарби Эрон гуфт: Пойдории садҳо, ҷони мардум ва ба ҳаддиақал расондани хисоратҳо дар авлавият аст.
Руҳонӣ зимни қадрдонӣ аз фидокории кишоварзон таъкид кард, барои ҳифзи ҷони мардум агар лозим бошад, ки об дар заминҳои кишоварзӣ раҳо шавад, давлат ба кишоварзоне, ки аз ин иқдом зарар бубинанд хисорат пардохт хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Эрон субҳи рӯзи ҷумъа ба манзури баррасии вазъияти селоб дар устони Хузстон, вориди Аҳвоз- маркази ин устон шуд.
Руҳонӣ пас аз вуруд ба фурудгоҳи Аҳвоз бо истифода аз болгард аз вазъияти селоб ва манотиқи селзадаи устон дидан кард.
Имрӯз ҳамчунин бо ҳузури раисиҷумҳури Эрон маросими оғози баҳрабардорӣ аз марҳалаи аввали проекти обёрии навини 550 ҳазор гектар аз заминҳои кишоварзии устони Хузистон баргузор шуд.
Руҳонӣ дар рӯзҳои гузашта низ бо сафар ба устонҳои селзадаи Мозандарон ва Гулистон дар шимоли Эрон аз наздик бо шароити ин ду устон ва вазъияти кумакрасонӣ ба осебдидагон ошно шуда буд.