Март 29, 2019 18:25 Asia/Dushanbe
  • Таслияти давлати Миср ба давлат ва миллати Эрон

Вазорати хориҷаи Миср дар баёнияе, ҷон бохтани шуморе аз шаҳрвандони эрониро бар асари ҷорӣ шудани сел ба давлат ва миллати Эрон таслият гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, вазорати хориҷаи Миср рӯзи панҷшанбе дар баёнияи худ ҳамчунин бо хонаводаҳои ҷонбохтагони сели Эрон, ибрози ҳамдардӣ кард.

Дар пайи ҷорӣ шудани сел дар чанд устони Эрон ва ҷон бохтану захмӣ шудани шуморе аз мардум, кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо миллат ва мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд.

Дар пайи боришҳои бесобиқа дар рӯзҳои ахир, чандин устони Эрон аз ҷумла Гулистон, Мозандарон, Форс ва Луристон дучори селоб ва обгирифтагӣ шуд ва хатари ҷорӣ шудани сел ҳамчунон вуҷуд дорад.

Дар ҳодисаи сели рӯзҳои ахири Эрон, дастикам 32 нафар кушта ва даҳҳо нафар низ захмӣ шуданд.