Март 30, 2019 16:34 Asia/Dushanbe
  • Маскав хоҳони узвияти доими Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай

Сафири Русия дар Покистон гуфт, Маскав ба узвияти доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) исрор дорад.

Ба гузориши ИРНА, Алексей Дедов рӯзи шанбе дар Исломобод гуфт: Маскав хостори пайвастани Теҳрон ба Созмони ҳамкории Шанхай ба унвони узви доим аст.

Вай таъкид кард, терроризм таҳдиди байналмилалӣ аст ва воқеияти имрӯз ин аст, ки ҳеҷ кишваре наметавонд ба танҳоӣ бо ин муъзал муқобила кунад, бинобар ин танҳо талошҳои ҳамоҳанг ва ҳамсӯ барои аз байн бурдани терроризм дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди ниёз аст.

Владимир Норов, дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ҳам ахиран дар бораи узвияти комили Эрон дар ин созмон гуфта буд, аъзои Шанхай дар ин замина ҳамназар ҳастанд.

Созмони ҳамкории Шанхай ,созмони авруосиёӣ аст, ки Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон, Ҳинд ва Покистон дар он узвият доранд.

Эрон, Муғулистон ва Афғонистон низ узви нозири ин созмон ҳастанд.