Март 31, 2019 21:39 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи шаҳодати Имом Мӯсо Козим таслият бод

Душанбе, 25-уми раҷаби соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо якуми апрели соли 2019-и милодӣ солрӯзи шаҳодати Имом Мӯсо Козим (а), аз наберагони Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Ҳазрати Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар (а), аз наводагони гиромии Расули мукаррами Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар соли 128-и ҳиҷрии қамарӣ дар Абвоъ, маҳалле байни Макка ва Мадина ба дунё омад. Ӯ ба далели сабурии бисёр ва фурӯ хурдани хашм ба Козим шуҳрат ёфта буд.

Имом Мӯсо Козим (а) дар даврони 55 соли ҳаёти пурбаркаташ бо чаҳор халифаи Аббосӣ, яъне Мансур, Ҳодӣ, Маҳдӣ ва Ҳорун ҳамзамон буд ва чандин бор ба зиндон афтод. Ӯ саранҷом дар соли 183-и ҳиҷрии қамарӣ ба дастури Ҳорун Аррашид дар зиндон масмум шуд ва ба шаҳодат расид.

Дар шабу рӯзи шаҳодати ҳазрати Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) дар шаҳри Машҳади муқаддас, дар шимолу шарқи Эрон низ парчамҳои азо барафрошта аст ва зоирон дар ҳарами Имом Ризо (а), фарзанди Имом Мӯсо Козим (а) барои баргузории маросими азодорӣ гирд меоянд.

Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи шаҳодати Имом Мӯсо Козим (а)-ро ба ҳама мухотабон ва дӯстдорони хонадони Паёмбари гиромии Ислом (с) таслият мегӯяд.