Апрел 02, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазири нафти Эрон бо вазири энержии Русия дар Маскав

Вазири нафти Эрон бо вазири энержии Русия рӯзи душанбе дар Маскав дар хусуси охирин таҳаввулоти бозори нафт ва густариши ҳамкориҳои мухталиф гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар дидори асри душанбеи Бежани Номдори Зангана ва Александр Новак дар Маскав ду тараф дар бораи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, бавижа дар заминаи сӯхт ва энержӣ, авзои бозори ҷаҳонии нафт ва ҳамкорӣ дар чорчӯби ОПЕК+ (кишварҳои узви ОПЕК ва тавлидкунандагони ғайриопекӣ) табодули назар карданд.

Александр Новак, вазири энержии Русия бо баёни ин ки равобити Эрон ва Русия тибқи барнома тавсеа меёбад, гуфт: “Мо пайгирона сиёсати сарони ду кишварро барои густариши маҷмӯаи ҳамкориҳои дуҷониба иҷро мекунем”. Вазири энержии Русия ҳамчунин гуфт, ки понздаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Эрону Русия 18-уми июн дар Исфаҳони Эрон баргузор мешавад. Зангана низ дар ин дидор гуфт, ки музокирот бо тарафи рус дар ду меҳвар, равобити дуҷониба дар ҳавзаи нафту энержӣ ва вазъияти бозори ҷаҳонии нафт баргузор шуд.

Вазири нафти Эрон рӯзи душанбе, ҳангоми вуруд ба Маскав гуфта буд, Русия аз тавлидкунандагони бузурги нафт дар дунё аст ва ба ҳамин иллат Эрон бо дӯстони руси худ дар бораи бозори нафт машварат ва табодули назар мекунад.