Апрел 02, 2019 18:39 Asia/Dushanbe
  • Иди мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с) муборак бод!

Чаҳоршанбе, 27-уми Раҷаби соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо сеюми апрели соли 2019-и милодӣ солрӯзи мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

1453 сол қабл дар рӯзи 27-уми раҷаб ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар синни чиҳилсолагӣ, ҳангоме ки барои тафаккур ва ибодати Парвардгори якто ба ғори “Ҳиро” рафта буданд, аз ҷониби Худованди мутаол ба паёмбарӣ мабъус шуданд.

Паёмбари акрам (с) дар бораи ҳадафи биъсат фармудаанд: «Ба ростӣ, ки ман барои ба камол расондани макорими ахлоқ мабъус шудаам».

Биъсати Паёмбари гиромӣ (с) сароғози роҳе шуд, то инсон аз ширк, беадолатӣ, табъиз, ҷаҳлу фасод берун ояд ва ба сӯйи тавҳид, маънавиёт, адолат ва каромат ҳаракат кунад.

Дар шабу рӯзи Иди мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с) мардуми Эрон бо баргузории маросим ва маҷолиси шодӣ ва пахши нуқлу ширинӣ мабъаси Паёмбари гиромии Ислом (с)-ро ҷашн мегиранд. Боргоҳи ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо Арризо, набераи гиромии Паёмбари акрам (с) дар шаҳри Машҳад, дар шимолу шарқи Эрон ва дигар маконҳои мазҳабии Эрон низ дар шабу рӯзи Иди мабъас чароғонӣ ва ғарқ дар нур аст.

Сойт ва радиои тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи биъсати Паёмбари гиромии Ислом Муҳаммади мустафо (с)-ро ба ҳама мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.