Ҷамшеди Машоихӣ, бозигари пешкисвати синамо дар Эрон даргузашт
(last modified Wed, 03 Apr 2019 11:53:28 GMT )
Апрел 03, 2019 16:53 Asia/Dushanbe
  •  Ҷамшеди Машоихӣ, бозигари пешкисвати синамо дар Эрон даргузашт

Ҷамшеди Машоихӣ, бозигари пешкисвати синамо ва телевизион дар Эрон дори фониро видоъ гуфт.

Ин бозигари пешкисват, ки дар айёми таътилоти Наврӯз дар бемористони Ирфони Теҳрон бистарӣ буд, сешанбешаб дар синни 84 солагӣ даргузашт.

Ҷамшеди Машоихӣ яке аз мондагортарин чеҳраҳои арсаи бозигарии синамо ва телевизион дар Эрон буд. Ин бозигар бо намоиши “Вазифаи пизишк” фаъолияти бозигарии худро расман оғоз кард.

Марҳум Машоихӣ ифогари нақшҳои мондагоре буд, ки аз ҷумлаи онон метавон ба филмҳои “Гов”, “Қайсар”, “Камолулмулк”, “Падарбузург”, “Хона рӯйи об” ва маҷмӯаҳои “Ҳазордастон”, “Имом Алӣ (а)” ва “Паҳлавонон намемиранд” ишора кард.