Эрон хостори муборизаи қотеъ бо содиркунандагони идологияи такфирӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42848-Эрон_хостори_муборизаи_қотеъ_бо_содиркунандагони_идологияи_такфирӣ_шуд
Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид хостори мавзеи ҷамъӣ ва қотеонаи ҷаҳон алайҳи содиркунандагони идологияи нафратангези такфирӣ шуд ва гуфт, бояд роҳҳои мубориза бо исломҳаросӣ, нафратпароканӣ ва табъизро дунбол кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 03, 2019 12:55 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори муборизаи қотеъ бо содиркунандагони идологияи такфирӣ шуд

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид хостори мавзеи ҷамъӣ ва қотеонаи ҷаҳон алайҳи содиркунандагони идологияи нафратангези такфирӣ шуд ва гуфт, бояд роҳҳои мубориза бо исломҳаросӣ, нафратпароканӣ ва табъизро дунбол кард.

Исҳоқ оли Ҳабиб рӯзи сешанбе дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо мавзӯи маҳви нажодпарастӣ, табъизи нажодӣ ва бегонаҳаросӣ баргузор шуд ва ба паёмадҳои ҳамлаи террористӣ дар 2 масҷиди Нюзелланд ишора дошт, афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ин ҳамлаи террористиро ба шиддат маҳкум ва маротиби таслият ва ҳамдардии худро ба хонаводаҳои қурбониён иброз мекунад.

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт, афроди бешуморе ҳамчунон қурбонии ҳамалоти нажодпарастона, бегонаҳаросӣ ва исломҳаросӣ мешаванд, ки ношӣ аз идологияҳои навзуҳур ва шеваҳои мубтанӣ бар нажодпарастӣ, бегонаситезӣ ё худ бартарпиндорӣ аст.

Оли Ҳабиб афзуд, ин ҳаводиси ногувор нишон аз ин воқеият аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ дар дастёбӣ ба аҳдофи аввалия дар мубориза бо терроризм, нажодпарастӣ, табъизнажодӣ ва нобурдборӣ ба маротиб ақиб мондааст.

Исҳоқ оли Ҳабиб бо ишора ба адабиёти зиддимусулмонон, ки террористҳои Кристчерчи Нюзелланд ба кор бурдаанд, гуфт, ин адабиёт шабеҳгуфтори нафратомезӣ аст, ки дар расонаҳои ҷамъӣ бархе кишварҳои ғарбӣ аз сӯйи манобеи қудрат ва сарват, вобаста бо сиёсатмадорони ифротгаро ба шакли анбӯҳ тавлид мешавад.

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, зарурӣ аст, ки муҷримон, созмондиҳандагон, сармоягузорон ва ҳомиёни аъмоли террористӣ, ки тавассути аъзои гурӯҳҳои нажодпараст анҷом мешавад, ба дасти адолат супурда шаванд.

Террористҳои мусаллаҳ зӯҳри 15 марти 2019 бо вуруд ба ду масҷиди “Линҷуд” ва “Нур” дар шаҳри Кристчерчи Нюзелланд ба самти намозгузорон оташ кушуданд. Дар ин ҷинояти ҳавлнок 50 намозгузор кушта ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд.