Апрел 04, 2019 13:41 Asia/Dushanbe
  • Оғози нахустин ҷашни наврӯзии муштараки Эрон ва Туркманистон

Нахустин наврӯзгоҳи фарҳангии муштараки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Туркманистон бо ҳузури муовинони раисҷумҳурии ду кишвар имрӯз - 15 –уми фарвардинмоҳ (чаҳоруми апрел) дар яке аз гузаргоҳҳои марзии ду кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин маросим дар минтақаи марзии Боҷгирони Эрон, дар шимоли устони Хуросони Разавӣ баргузор мешавад.

 Алиасғари Мӯнисон, муовини раисҷумҳурӣ ва раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими кушоиши ин ҷашн гуфт: «Наврӯзгоҳи муштарак байни Эрон ва Туркманистон паёмовар сулҳу дӯстӣ аст ва мо имрӯз дар марзи муштаракамон гирдиҳам омадаем то бигӯем: марзи муштарак фарҳанг мо аст».

Мӯнисон афзуд, ин марзи муштарак чизе рӯйи хок нест, балки фарҳанг, тамаддун ва халқиёти ҳазоронсола аст, ки қалбҳои моро ба ҳам ва ҷонҳои моро дар ҳар ҷойи ин ҷуғрофиёи фарҳангӣ аз Эрон то Ҳинд ва аз Туркманистон то Албания пайванд мезанад.

Раиси Созмони мерос фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон аз давлат ва миллати Туркманистон ва Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури он кишвар барои кумак ба барпоии маросими муштараки наврӯзгоҳ қадрдонӣ кард.

Дар ин маросим устондори Хуросони Разавӣ ва масъулони фарҳангии олирутбаи Эрон ва ҷумҳурии Туркманистон ҳузур доштанд.

Ҳунармандоне аз ду кишвари Эрон ва Туркманистон низ дар ин маросим ба иҷрои барнома пардохтанд.

Шаҳри Боҷгирон аз тавобеи шаҳристони Қучон, дар шимоли шарқи Хуросони Разавӣ, нуқтаи сифри марзӣ байни Эрон ва Туркманистон аст