Апрел 04, 2019 17:56 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Аврупо дар баробари Амрико нотавон аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, аврупоиҳо дар баробари Амрико нотавон ҳастанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯе дар бораи рафтори давлатҳои аврупоӣ дар қиболи БАРҶОМ ва барномаи дастгоҳи дипломосии Ҷумҳурии исломӣ дар қиболи он, тасреҳ кард: Аврупоиҳо аз ибтидо ба БАРҶОМ ба унвони як дастовард нигоҳи мекарданд, аммо қатъан тавони кофӣ надоштанд муқобили таҳримҳои Амрико истодагӣ кунанд.

Вазири хориҷаи Эрон хотирнишон кард, аврупоиҳо дар қиболи БАРҶОМ талошҳое карданд, аммо ҳамонтавре, ки раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ фармуданд, ин талошҳо кофӣ набуд ва ҳатто дар бархе маворид ин талошҳо нишондиҳандаи омодагӣ надоштани аврупоиҳо барои ҳазина кардан аст.

Зариф бо баёни инки Эрон ҳамвора талош кардааст, аврупоиҳоро ногузир кунад ба тааҳҳудоташон дар БАРҶОМ амал кунанд, изҳор кард: Дар ҳамин замина ва дар буъди дипломатӣ, кор бо Аврупо идома ёфта, аммо Эрон ҳеҷгоҳ ба Аврупо дил набастааст.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи авлавияти сиёсати хориҷии Теҳрон хотирнишон кард, бештарин рафту омадҳои масъулони Эрон бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони қадимии Эрон монанди Русия, Чин ва Туркия будааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар суханронии наврӯзиашон дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ фармуданд, дар қазияи БАРҶОМ, вазифаи аврупоиҳо ин буд, ки муқобили Амрико меистоданд, аммо бо баҳонаҳои мухталиф наистоданд ва амалан аз БАРҶОМ хориҷ шудаанд, яъне ҳатто таҳримҳои ҷадидеро зидди Эрон ба вуҷуд овардаанд.

 

Барчасп